Общество и Армия
Международная сеть правозащитных организаций в поддержку призывников, военнослужащих и альтернативнослужащих: действия по обеспечению верховенства права
«ЧОМЕА ВА АРТИШ»

Шабакаи Байналхалкии ташкилотхои хукукхимоякунанда оид ба дастгирии даъватшавандагон, хизматчиёни харби ва хизматчиёни алтернативи: Амалиётхо барои таъмини волоияти конун.

 Соли 2009 12 ташкилотхои гайрихукумати аз хафт давлат-иштирокчии Иттиходияи Давлатхои Муттахид (http://cis.minsk.by) оиди ташкили Шабакаи Байналхалкии ташкилотхои хукукхимоякунанда «Чомеа ва Артиш» карор кабул карданд. Максади асосии фаъолияти ин шабака ин ташаккули стандартхои демократи дар рохи риояи хукуки  инсон, хукук ва озодихои асосии хизматчиёни харби ва онхое, ки хизмати алтернативии шахрвандиро адо менамоянд, инчунин шахрвандоне, ки ба хизмати харби даъват карда мешаванд, мебошад.

Ташкилотхоеро, ки дар шабака фоъолият мебаранд як максад муттахид мекунад – хамаи хизматчиёни харби, новобаста аз макомашон, инчунин шахрвандоне ки ба хизмати харби даъват карда мешаванд, бояд:

- аз шиканча, муносибатхои гвйриинсонона ва чазои берахмона ё шаъну шарафи инсониро пастзананда химоя шуда бошанд;

 - аз мехнати мачбури ва гуломи озод бошанд;

- дар холати поймолшавии хукукхояшон ба хама гуна воситахои химояи хукук дастраси дошта бошанд;

- ба баррасии боадолати судии парванда аз тарафи судхои мустакил ва бегараз хукук дошта бошад;

- дорои дигар хукукхои ичтимои ва граждани, ки танхо дар холатхои истисноие, ки ба махсусияти хизмати харби дахл дорад, ва конунгузории милли ичозат медихад, махдуд карда мешаванд, бошанд;

Холо дар Шабакаи «Чомеа ва Артиш» чунин ташкилотхои чамъияти иштироки фаъол мебаранд:

·  Маркази Хукукхимоякунандаи Озорбойчон (шахри Боку, Чумхурии Озорбойчон);

·  Ташкилоти чамъиятии Модарони Сарбозони Чумхурии Арманистон «Зинвори майр» (ш. Ереван, Чумхурии Арманистон);

·  Фонди Ташаккули Технологияхои Хукуки (ш. Минск, Чумхурии Белорус);

·  Ассотсиатсия «Promo-LEX» (ш. Кишинев, Чумхурии Молдова);

·  Харакати байналхалкии чавонони хукукхимоякунанда (ш. Воронеж, Федератсияи Русия);

·  Гурухи Хелсинкии Москва (ш. Москва, Федератсияи Русия);

·  Гурухи хукукхимокунандаи «Шахрванд. Артиш. Хукук» (ш. Москва, Федератсияи Русия);

·  Харакати байниминтакавии «Модарони сарбозон»(ш. Москва, Федератсияи Русия);

·  Чомеаи хукуки. (ш. Новосибирск, Федератсияи Русия);

·  «Модарони сарбозони Санкт-Петербург» (ш. Санкт-Петербург, Федератсияи Русия);

·  Харакати чамъиятии минтакавии Хабаровск «Кумитаи модарони сарбозон» (ш. Хабаровск, Федератсияи Русия);

·  Маркази хукукхимоякунандаи минтакавии Хабаровск (ш. Хабаровск, Федератсияи Русия);

·  Ассотсиатсияи Хукукшиносони Чавон «Ампаро» (ш. Хучанд, Чумхурии Точикистон);

·   Маркази Озодихои Шахрванди (ш. Киев, Украина).

 Фаъолияти шабакаи «Чомеа ва Артиш» аз тарафи Мактаби Иктисоди ва Тадкикотхои сиёсии Лондон, инчунин барномаи Ташаббуси Аврупои оид ба Демократия ва Хукуки Инсони Иттиходи Аврупо маблаггузори карда мешавад.